2. Сифати маъшуқ
Маҳе, фаррухрухе, фархундарое,
Ба шаҳристони хубӣ подшое,
Миёни нозанинон нозанине,
Зи шириниш Ширин хӯшачине,
Рухаш гулбарги хубӣ соз карда,
Қадаш бар сарви раъно ноз карда,
Гирифта сунбулаш бар гул ватангоҳ,
Суҳайл овехта аз гӯшаи Моҳ,
Баҳори лутфро нозанда сарве,
Ба боғи дилбари раъно тазарве,
Зи анбар роҳро пироя карда,
Гулашро чатри сунбул соя карда,
Ниҳон дар иқди луълу дурҷи ёқут,
Ҳадиси шаккаринаш рӯҳро қут.
Ду чашмаш чун ду ҷодуи фусункор,
Ду зулфаш корвони мушки тотор.
Даҳонаш дар ҳақиқат камтар аз ҳеч,
Сари зулфайни ҷаъдаш печ дар печ.