Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

1. Сифати дил

...Гарам иқбол рӯзе ёр гардад, Ғунуда бахти ман бедор гардад, Бар он даргоҳ хоҳам дод аз ин дил, Мусалмонон, маро фарёд аз ин дил! Диле дорам, ки аз ҷон баргирифта, Умед аз куфру имон баргирифта. Дили реше, ғамандӯзе, балое, Ба доми ишқи хубон мубталое. Диле шӯридашакле, беқароре, Диле девонае, ошуфтакоре. Диле дорам, ғами дурӣ кашида, Зи чашми ёр ранҷурӣ кашида. Диле, к-ӯ аз Худо шарме надорад, Зи рӯйи халқ озарме надорад. Диле пайваста з-ӯ ором рафта, Ба пойи хештан дар дом рафта. Машаққатхонае, ишқошёне, Муҳаббатдидае, бедудмоне. Бахуноғуштае, савдомизоҷе, Куҳанбемори ишқе, беилоҷе, Чу чашми шоҳидон пайваста масте, Муғе, кофарниҳоде, бутпарасте. Чу зулфи дилбарон ошуфтакоре, Сияҳрӯе, парешонрӯзгоре. Ҳамеша бар балои ишқ мафтун, Саропойи вуҷудаш қатраи хун. Набошад дар пайи молеву ҷоҳе, Набошад ҳаргизаш рӯе ба роҳе. Зи ғам ҳар дам ба сад дастон барояд, Зи баҳри хатту холаш ҷон барояд. Зи шайдоию худроӣ натарсад, Чу нодонон зи расвоӣ натарсад. Шавад ҳайрони ҳар шӯхеву шанге, Набошад ҳаргизаш номеву нанге. Ҳар он к-ӯ дорадаш чун дида дар тоб, Ниҳолашро ба хуни дил диҳад об. Даруни хеш доим реш хоҳад, Бало чандон ки бинад, беш хоҳад.