Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

7. Воқиф шудани маъшуқ аз ҳоли ошиқ

Дар он шабҳои тор аз беқарорӣ, Чу бисёре бинолидам ба зорӣ, Магар, к-аз оҳи ман сарви гуландом Садое гӯш кард аз гӯшаи бом? Бар он нолидани ман раҳмат овард, Хиромон рӯ ба наздакони худ кард. Якеро з-он парирӯёни танноз Ҳикоят боз мепурсид аз роз, Ки ин мискини савдоӣ кадом аст, К-аз ин дарди сараш савдои хом аст? Зи кӯи мо киро меҷӯяд, охир? Ба гирди мо чаро мепӯяд, охир? Кӣ кардаш инчунин бехобу ором? Кадомин дона афкандаш дар ин дом? Кӣ з-ин сон бехӯру бехоб кардаш? Кӣ аз ғам дида пурхуноб кардаш? Кадомин ғамза зад бар ҷони ӯ тир, Ки бо нахҷирбонаш кард нахҷир? Кадомин сел бигрифташ гузаргоҳ? Кадомин шӯхчашмаш бурд аз роҳ? Ҷавобаш дод, к-ин дилдода аз даст Ба кӯи мо дарояд ҳар шабе маст. Гаҳе дар хок ғалтад ҳамчу мастон, Гаҳе саҷда барад чун бутпарастон. Касе з-ӯ нашнавад ҷуз нола овоз, Зи шайдоӣ нагӯяд бо касе роз. Дар ин дардаш касе фарёдрас нест, Ба ғайр аз оҳи сардаш ҳамнафас нест. Ҳама вақте дар ин шабҳои торӣ Гаҳе нолад, гаҳе гиряд ба зорӣ. Ба шаб бо ахтарон дамсоз гардад, Чу рӯз ояд, дигар раҳ боз гардад. Мудом аз дида хун бар чеҳра ронад, Касе аҳволи ин мискин надонад. Ба ханда гуфт, к-ин хом уфтодаст, Ҳамоно нав дар ин раҳ ӯ фитодаст. Дигар ошиқ бад-ин зорӣ набошад, Бад-ин хориву ғамхорӣ набошад.
7. Воқиф шудани маъшуқ аз ҳоли ошиқ | Шоирон