Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Рафтем аз диёри ту бо дидаи пуроб,
Рафтем аз диёри ту бо дидаи пуроб, Чун зулфи ту мушаввашу чун ҳоли ту хароб. Маҳмил мабанд бар шутур, эй сорбон, ки мо Маҳмил бар оби дида бибастем чун ҳубоб.
Гар кушоӣ абри бурқаъ аз ҳаё гардад гул об
Гар кушоӣ абри бурқаъ аз ҳаё гардад гул об В-аз ҳаводорӣ фишонад бар гули рӯят гулоб. Бурқаъе даркаш, ки рӯятро бисӯзад дил зи меҳр, Аз латофат з-офтоб, оре, па
Чашми ӯ маст асту дар мастӣ шуда махмури хоб,
Чашми ӯ маст асту дар мастӣ шуда махмури хоб, Дида гар бар ҳам занад, бунёди ҷон гардад хароб. Бо лабаш гуфтам ҳадиси бӯса, шуд сурх аз ҳаё, Ин сухан омад гарон
Чашми ту сар барнамедорад зи хоб,
Чашми ту сар барнамедорад зи хоб, Маст дар меҳроб менӯшад шароб. Аз даҳонаш кас намеёбад нишон, Зарра нопайдо бувад дар офтоб.
Бар оби кор беҳ, ки бисозем кори об,
Бар оби кор беҳ, ки бисозем кори об, К-ин баҳри сарнигуни фалак нест ҷуз сароб. Ман масту ринду он гаҳе даъвии ақлу илм, Бунёди кори ақл зи мастӣ шавад хароб.
Дӯш медидам дили гумгаштаи худро ба хоб,
Дӯш медидам дили гумгаштаи худро ба хоб, Аксараш хун буд ҷое оташу ҷое кабоб. Ман ба худ мегуфтам, ин шакли дили реши ман аст, Ё маи лаъл аст, ҷояш карда аз ёқу
Биё, ки шоҳнишин аст садри синаи мо,
Биё, ки шоҳнишин аст садри синаи мо, Бибин ҷавоҳири манзума дар хазинаи мо. Бар оби дида гузар доштам ба рӯзи видоъ, Ба мавҷи хуни ҷигар ғарқ шуд сафинаи мо.
Оқибат раҳме кунад бар дарди мо дармони мо,
Оқибат раҳме кунад бар дарди мо дармони мо, Бандагони хешро ёд оварад султони мо. Гар нахоҳад буд васли ёри мо андар биҳишт, Лоҷарам боғи ҷинон хоҳад шудан зинд
То ҷаста барқи рӯят аз акси ҳусни зебо,
То ҷаста барқи рӯят аз акси ҳусни зебо, Афтода шуълаи ӯ дар хирмани дили мо. Тоби таҷаллии ҳусн ҷуз ишқи мо надорад, Муҳкамтар аст бо ту аҳдам зи санги хоро.
Эй хиҷил гул зи рангу бӯйи шумо,
Эй хиҷил гул зи рангу бӯйи шумо, Сурх гашта зи шарм рӯйи шумо. Сарви ман, то ту бар лаби ҷӯӣ, Обрӯест оби ҷӯйи шумо.
Гирифт мулки дилам ҳусни дилситони шумо,
Гирифт мулки дилам ҳусни дилситони шумо, Ба ҷойи ҷони манӣ, ҷони мову ҷони шумо. Ба тангнои даҳони ту ҷойи лутф набуд, Дақиқ шуд сухан аз тангии даҳони шумо.
Моили ишқи харобот аст ақли пири мо,
Моили ишқи харобот аст ақли пири мо, То чӣ орад бар сари мо пири бетадбири мо. Ман ба ҷуз тақдир тадбире надонам ишқро, Инчунин рафта-ст гӯӣ дар азал тақдири мо
Ҳама бар қадди баланди ту бувад ҳиммати мо,
Ҳама бар қадди баланди ту бувад ҳиммати мо, Гар диҳад даст, зиҳӣ ҳиммати бо рифъати мо. Шаби ҳиҷрон бигузашту саҳари васл расид, Панҷ навбат бизан, эй бахт, ки
Дар майкада май дар хуме мегуфту мезад ҷӯшҳо,
Дар майкада май дар хуме мегуфту мезад ҷӯшҳо, То ман зи дурдӣ нагзарам, наншинам он гаҳ босафо. То ман нагардам лаългун, н-оям зи иллатҳо бурун, Гирди даҳони но
Дареғ охир зи рӯйи ман чӣ медорӣ нигоҳеро,
Дареғ охир зи рӯйи ман чӣ медорӣ нигоҳеро, Расад хуршед бар девору бинад рӯйи коҳеро. Бисӯзад бар сари оташ чу анбар зулфи мушкинаш, Агар дар кори маҳрӯён кунам
То зи борикӣ миёнат тоб доди мӯйро,
То зи борикӣ миёнат тоб доди мӯйро, Сабза пеши хатти ту бар хок молад рӯйро. Ту чӣ ғам дорӣ, агар селоби ашкам меравад, Чун ман аз хошоки роҳе камтарам ин кӯйро
Саломи ман бирасон, эй сабо, Бухороро,
Саломи ман бирасон, эй сабо, Бухороро, Бигӯ таҳийяти Маҷнун диёри Лайлоро. Зи Кӯҳкан хабаре сӯи қасри Ширин бар, Ки дил гирифт ба кӯҳ он ғариби танҳоро.
Соқӣ, биёр ҷоми шароби муғонаро,
Соқӣ, биёр ҷоми шароби муғонаро, Мутриб, бигӯ, бизан ғазали навтаронаро. Поён мабод даври қадаҳро, ки зиракон Поён надидаанд ҷафои замонаро.
Мекашад ишқи ту сӯи худ дили девонаро,
Мекашад ишқи ту сӯи худ дили девонаро, Ҳаст сӯзе, к–ӯ ба шамъе мекашад парвонаро. Сели чашмам рафту вайрон кард бунёди дилам, Чун зи дарду ғам нигаҳ дорам ман и
Он сиёҳҷурда, ки хуршед ғулом аст ӯро,
Он сиёҳҷурда, ки хуршед ғулом аст ӯро, Нури чашм аст, ки дар дида мақом аст ӯро. Ҳеҷ кас нест, ки пинҳон назараш бо ӯ нест, То назар бо кию хотир ба кадом аст ӯ
Дӯш омад рухи зебои ту дар хоб маро,
Дӯш омад рухи зебои ту дар хоб маро, Сел аз дида равон гашту бибурд об маро. Танам аз заъф чунон шуд, ки намеёфт дигар Ақл, ҳарчанд ки меҷуст ба маҳтоб маро.
Наргиси мастат нишонад ҳамчу гул дар хун маро,
Наргиси мастат нишонад ҳамчу гул дар хун маро, Кай равад чун ғунча меҳри ту зи дил берун маро. Рӯи худ бар рӯ ниҳад субҳи абад Лайлӣ туро, Бӯсае бар сар занад р
Эй чашми ту кашида абрӯйи чун камонро,
Эй чашми ту кашида абрӯйи чун камонро, Тире, ки мекушоӣ, аз мо талаб нишонро. Он дам, ки тири ғамза бар бедилон кушоӣ, Мурғ аз ҳаво дарояд аз баҳри ҷонфишонро.
Гар силсила ҷунбонӣ гесуи парешонро,
Гар силсила ҷунбонӣ гесуи парешонро, Ошуфта кунӣ дилро, девона кунӣ ҷонро. Дар савмаа гар бӯе пайдо шавад аз ишқат, Аз хирқа бурун оранд сад мушрики пинҳонро.
Ҷоҳили кӯтаҳназар девона мехонад маро,
Ҷоҳили кӯтаҳназар девона мехонад маро, Фосиқу дурдикаши майхона мехонад маро. Шайхи азрақпӯш гар ҳошок месозад мурид, Ҳамдами чангу дафу паймона мехонад маро.

