Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
736. ПАЙМОН КАРДАНИ ЭРОНИЁН БО БАҲРОМ ДАР БОРАИ ПОДШОҲӢ БА ШАРТИ БАРДОШТАНИ ТОҶ АЗ МИЁНИ ШЕРОН
Яке бо шумо боз паймон кунам, Забонро ба Яздон гаравгон кунам. Биёрем шоҳаншаҳӣ тахти оҷ, Бараш барниҳем ин гаронмоя тоҷ.
735. СУХАН ГУФТАНИ БАҲРОМ БО ЭРОНИЁН АЗ ШОИСТАГИИ ХУД БА ПОДШОҲӢ
Чунин гуфт Баҳром, к-«Эй меҳтарон, Ҷаҳондидаву коркарда сарон, Ҳама рост гуфтеду з-ин бадтар аст, Падарро накӯҳиш кунам дарх(в)ар аст.
734. СУХАНИ БАҲРОМ БО ЭРОНИЁН ДАР БОРАИ ШОИСТАГИИ ХУД БА ПОДШОҲӢ ВА САР ТОФТАНИ ЭШОН АЗ ОН
Чунин гуфт Баҳром, к- «Эй меҳтарон, Ҷаҳондидаву солхӯрда сарон, Падар бар падар подшоҳӣ марост, Чаро бахшиш акнун барои шумост?
733. ОМАДАНИ БАҲРОМИ ГӮР ДАР ҶАҲРАМ ВА РАФТАНИ ЭРОНИЁН БА НАЗДИ Ӯ
Худу шоҳ Баҳром бо ройзан Нишастанду гуфтанд бе анҷуман. Гузин кардаш аз тозиён сӣ ҳазор, Ҳама найзадор аз дари корзор.
732. НОМА НАВИШТАНИ ЭРОНИЁН БА МУНЗАР ВА ПОСУХИ ОН
Чу эрониён огаҳӣ ёфтанд, Якояк сӯи чора биштофтанд. Чу гаштанд аз он ранҷ яксар сутӯҳ, Нишастанд бо якдигар ҳамгурӯҳ,
731. ОГОҲӢ ЁФТАНИ БАҲРОМИ ГӮР АЗ МУРДАНИ ПАДАРАШ
Пас огоҳӣ омад ба Баҳроми Гӯр, Ки аз чарх шуд тахтро бахт шӯр. Падар - т он сарафрози шоҳон бимурд, Бимурду ҳам ӯ номи шоҳӣ бибурд.
730. НИШОНДАНИ МЕҲОН ХУСРАВРО БА ТАХТ
Чу дар дахма шуд шаҳрёри ҷаҳон, Аз Эрон бирафтанд гирён меҳон. Куноранг бо мӯбаду паҳлавон, Ҳашивору дастури равшанравон.
729. РАФТАНИ ЯЗДГИРД БА ЧАШМАИ СӮ БА ГУФТОРИ МӮБАД ВА КУШТАНИ АСПИ ОБӢ ӮРО
Бад - ӯ гуфт мӯбад, ки «Эй шаҳрёр, Бигаштӣ ту аз роҳи Парвардгор. Ту гуфтӣ, ки бугрезам аз ҷанги марг, Куҷо нестат марг ҳаргиз ба барг.
728. ОМАДАНИ ЯЗДГИРД БА ТӮС ВА КУШТАНИ АСПИ ОБӢ ӮРО
Бар ин низ чанде замон баргузашт, Ба айвон падар, пури фаррух ба дашт. В- аз он пас ғаму шодии Яздгард Сар омад ҳаме з- ахтари тезгард.
727. БАНД КАРДАНИ ЯЗДГИРД БАҲРОМРО ВА БОЗОМАДАНИ Ӯ НАЗДИ МАНЗАР
Чунон буд, ки як рӯз бар базмгоҳ Ҳаме буд бар пой дар пеши шоҳ. Чу шуд дер бар пой, хоб омадаш, Ҳам аз истодан шитоб омадаш.
726. ОМАДАНИ БАҲРОМ БО НӮЪМОН НАЗДИ ПАДАРАШ ЯЗДГИРД
Падар орзу кард Баҳромро, Чӣ Баҳром, хуршеди худкомро. Ба Мунзар чунин гуфт Баҳроми шер, Ки «Ҳарчанд монам ба назди ту дер,
725. ҲУНАР НАМУДАНИ БАҲРОМ ДАР ШИКОРГОҲ
Дигар ҳафта бо лашкаре сарфароз Ба нахчиргаҳ рафт бо юзу боз. Бари бурзи кӯҳе яке шер дид, Куҷо пушти гӯре ҳаме бардарид.
724. ДОСТОНИ БАҲРОМ ВА КАНИЗАКИ ЧАНГЗАН ДАР ШИКОР
Ба ҷуз гӯю майдон набудиш кор, Гаҳе захми чавгону гоҳе шикор. Чунон буд, ки як рӯз бе анҷуман Ба нахчиргаҳ рафт бо чангзан.
723. БАР ТАХТ НИШАСТАНИ АРДАШЕР ВА АНДАРЗ КАРДАН БАР САРДОРОНИ ЭРОН
Чу биншаст бар тахт шоҳ Ардашер, Биёрост он гоҳи Шопури пир. Камарбаста эрониёнро бихонд, Бар он пояи тахти заррин нишонд.
722. ВАЛИАҲД КАРДАНИ ШОПУР АРДАШЕР БАРОДАРИ ХУДРО
Зи Шопур аз он гуна шуд рӯзгор, Ки дар боғ бо гул надиданд хор. Зи доду зи рою зи фарҳанги ӯй, Зи бас кӯшишу бахшишу ҷанги ӯй
721. ОМАДАНИ МОНӢ ВА ДАЪВоИ ПАЙҒАМБАРӢ КАРДАН
Биёмад яке марди гӯё зи Чин, Ки чун ӯ мусаввир набинад замин, Бад-он чарбдастӣ расида ба ком, Яке пурманиш мард Монӣ ба ном,
720. РАФТАНИ БАРОНӮШ ПЕШИ ШОПУР ВА ПАЙМОН БАСТАН БО Ӯ
Баронӯш чун посухи нома дид, Зи шодӣ дили поки ӯ бардамид. Бифармуд, то номдорони Рум, Бирафтанд сад мард аз он тозабум.
719. Гирифтор шуд Қайсари номдор
Шаби тира андар сафи корзор. Саросар ҳама Рум гирён шуданд, В-аз овози Шопур бирён шуданд. Ҳаме гуфт ҳар кас, ки ин бад кӣ кард?
718. ЛАШКАР КАШИДАНИ ШОПУР БА РУМ ВА РАЗМИ Ӯ БО БАРОДАРИ ҚАЙСАР
Аразгоҳу девон биёростанд, Калиди дари ганҷҳо хостанд. Сипоҳ анҷуман карду рӯзӣ бидод, Сараш пур зи кину дилаш пур зи бод.
717. ШАБЕХУН ЗАДАНИ ШОПУР ВА ГИРИФТАНИ ҚАЙСАРИ РУМ
Басе барнаёмад бад-ин рӯзгор, Ки шуд лашкаре пеши ӯ шаш ҳазор. Фиристод Шопур корогаҳон, Сӯи Тайсафун кордида меҳон.
716. ОГОҲӢ ЁФТАНИ МӮБАД ВА ПАҲЛАВОН АЗ ОМАДАНИ ШОПУР ВА РАФТАНИ ЭШОН БО СИПОҲ НАЗДИ Ӯ
Чу полезбон гуфту мӯбад шунид, Ба равшанравон марди доно бидид, Ки ин шердилмард ҷуз шоҳ нест, Ҳамон чеҳра ҷуз дархури гоҳ нест.
715. ШИНОХТАНИ ЭРОНИЁН ШОПУРРО ВА ГИРД КАРДАНИ Ӯ СИПОҲ
Бибуд он шабу хӯрду гуфтушунид, Сапеда чу аз кӯҳ сар бардамид, Чу зарриндирафше даромад зи роғ, Бари меҳмон шуд худованди боғ.
714. Зи бас ғорату куштани марду зан
Пароканда гашт он бузург анҷуман. В-аз эшон басе низ тарсо шуданд, Ба зуннор пеши сакубо шуданд. Басо ҷосалиқе ба сар-бар кулоҳ,
713. ГУРЕХТАНИ ШОПУР ЗИ РУМ ВА РАСИДАН БА ШАҲРИ ЭРОН
Сӯи шаҳри Эрон ниҳоданд рӯй, Ду хуррамниҳон шоду оромҷӯй. Шабу рӯз яксон ҳаме тохтанд, Ба хобу ба хӯрдан напардохтанд.
712. РАҲОНИДАНИ КАНИЗАК ШОПУРРО АЗ ЧАРМИ ХАР
Чунин то баромад бад-ин чанд гоҳ, Аз Эрон пароканда гашт он сипоҳ. Ба рум он, ки Шопурро доштӣ, Шабу рӯз танҳош нагзоштӣ.

