Эй чини зулфат шоми ғарибон,
Эй чини зулфат шоми ғарибон,
Қурбат ба ғурбат беҳ бар рақибон.
Дар ханда ғунча дилшоду хуррам,
Шуд бо чанораш дасту гиребон.
Пардохтам дил аз кори душман,
Дарбохтам ҷон баҳри ҳабибон.
Бар хони хосон ғавғои ом аст,
Хосулхавосанд аз бенасибон.
Донӣ, чаро сар баста-ст ғунча?
Дорад садое аз андалебон.
Ширинии лаб аз ҷони ман пурс,
Ранҷур донад қадри табибон.
Шаҳдат шифо дод бо ҷони Носир,
Зулфат сияҳ кард рӯйи рақибон.