Эй ҳусни ту офтоби тобон,
Эй ҳусни ту офтоби тобон,
Равшан ба рухат ситораи ҷон.
Пайдо шудаӣ чу меҳр дар дил,
Чун зарра зи чашми ақл пинҳон.
Гуфтему шунид бо ту ҳарфе,
К-аз гуфтушунид хориҷ аст он.
Ҳар гул, ки шукуфт дар баҳорон,
Гаштем бар ӯ ҳазордастон.
То кай сухан аз ҳарими маҳдат,
То чанд ғами висолу ҳиҷрон!
То чанд зи бими нори дӯзах,
То чанд умеди боғи Ризвон?
Дар ишқу ҷунун басе фунун аст,
Бартар зи тааллуқи сухандон.
Панд аст иқоли ақл, бигсил,
То гард кунӣ миёни майдон.
Бар арш равад буроқи аршӣ,
Чун гард шавад бадан парешон.
В-он нури муҳаммадӣ барояд
Дар қурби ҳақу ризои раҳмон.
Дар ишқ талаб ту нақши ҳар чиз,
К-аз лутф шуда-ст оинасон.