Чун ҳамнишини моҳ нагардам бар осмон,
Чун ҳамнишини моҳ нагардам бар осмон,
Он беҳ, ки ҳамчу гард ниҳам сар бар остон.
Бо он, ки тири чарх зи ман саҳм мехӯрад,
Чун қавс пушти ман бувад аз бори ғам камон.
Иқрори ишқ кардаму инкори оқилӣ,
К-аз ишқ дар яқинаму аз ақл дар гумон.
Чун оби дида нақши хаёлат латиф гашт,
Чун бод ёфт бӯйи насими ту, шуд равон.
Эй тан, чаро ту ғофилу фориғ нишастаӣ,
Нашнидаӣ, ки азми сафар ҷазм кард ҷон.
Бечора ташнае, ки расад ҷони ӯ ба лаб,
Дилбар ба маҳмилу дилу ҷонаш ба корвон.
Носир чу гард дар ақибаш меравад ба сар,
Бо дӯст ҳамчу бод агар нест ҳамъинон.