Ман ҳамчу гул дар хандаам, гӯ, ёр дар хунам нишон,
Ман ҳамчу гул дар хандаам, гӯ, ёр дар хунам нишон,
Ман ҳамчу сарв озодаам, гӯ, ёр бебаргам бимон.
Мӯ бо миёнаш лоф зад, лекин равон дар тоб шуд,
Чун боз дид аз нозукӣ як мӯй фарқе дар миён.
Доим чаро бо сураташ ойина омад рӯ ба рӯ,
Ҳар дам чаро бо ӯ ниҳад соғар даҳанро бо даҳон.
Имрӯз дар кӯйи муғон хоҳем гаштан дар ба дар,
Саҷҷодаҳо дар раҳни май, дасторҳо дар по кашон.
Ман гӯйи ишқам, гӯ бизан чавгони таънам ону ин,
Чун кушта гаштам, гӯ бикаш теғи маломат ину он.
Бо ишқ дарпечидаам, чун нома хат бар ман макаш,
Бар хатти меҳрат меравам, чун хома аз пешам марон.
Ҷон аст соқӣ, лаъли ту з-ӯ коми ҷони мо бидеҳ,
Рӯҳ аст, мутриб, нолаат, з-ӯ роҳате бо мо расон.
Гар ман чу хокам бар дарат, ту доман аз ман дар макаш,
Ё соате бар ман гузар, ё ҷуръае бар ман фишон.
Ҳар ду ҷаҳон бар бод шуд, ишқи ту омад ҳосилам,
Алҳамдулиллаҳ, шокирам, ҳосил ҳамин буд аз ҷаҳон.
Носир гузашт аз рангу бӯ, нақши ту дорад дар назар,
Он бӯй дар рангаш бибин, в-он нақш дар рӯяш бихон.