Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ёр ҳамон, аҳд ҳамон, дил ҳамон,

Ёр ҳамон, аҳд ҳамон, дил ҳамон, Ишқ ҳамон, хок ҳамон, гил ҳамон. Муъмину кофар суйи Ҳақ роҳ барад, Зоҳиди гумроҳ ба ботил ҳамон. Ҳар ду ҷаҳон куштаи ишқи ту шуд, Ғамзаи хунрези ту қотил ҳамон. Ҳосилам аз ишқи ту хуни дил аст, Ҳаст худ аз ишқи ту ҳосил ҳамон. Носир аз омезиши сурат гузашт, Суратат омехта бо дил ҳамон.
Ёр ҳамон, аҳд ҳамон, дил ҳамон, | Шоирон