Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Коми нокоме раво кун аз даҳони хештан,

Коми нокоме раво кун аз даҳони хештан, Дар миён овар каноре аз миёни хештан. Худ тани ҷондодаро аз тоби ҳиҷронаш масӯз, Раҳм кун бар ҷони ранҷуре ба ҷони хештан. Тарсам, аз дасти забон рӯзе диҳам сарро ба бод, Шамъвор аз баҳри он сӯзам забони хештан. Ман зи дил берун нахоҳам кард абрӯи туро, Гар маро қурбон кунӣ баҳри камони хештан. Аз тани хокӣ баромад гарду гардам бар дарат, То магар роҳам диҳӣ бар остони хештан. Чун шаби ҳиҷрон зи оҳи дил барафрӯзам чароғ, Мекашам равған зи мағзи устухони хештан. Дар ҳавои меҳри ту чун субҳ Носир содиқ аст, Ошкоро мекунам рози ниҳони хештан.
Коми нокоме раво кун аз даҳони хештан, | Шоирон