Ҳолиё, хоҳам фишонд аз домани ҷон гарди тан,
Ҳолиё, хоҳам фишонд аз домани ҷон гарди тан,
Юсуфамро чанд пинҳон дорам андар пираҳан?
Додаам оинаи дилро сафо аз нақши ғайр,
То дар оина рухат бинад сафои хештан.
Ҷоми май талх аст, ҳар дам бар лаби ширин манеҳ,
Ҷони ман, то кай раво дорӣ ситам бар ҷони ман?
То маро рафта-ст рӯзе бар забон ёди лабат,
Ҳаргизам дигар нарафта-ст он ҳаловат аз даҳан.
Сарви гулрухсори ман чун шуд хиромон дар самоъ,
Пой дар гил монд аз шарми қадаш сарви чаман.
Рӯй бар рӯяш ниҳодам, шуд аз ин дар тобу гуфт:
Гар наӣ парвона, худро беш дар оташ мазан!
Мекашидам зулфи ӯро, гуфт: Дар савдо мапеч,
Хостам лаълаш газидан, гуфт: Носир, ҷон макан!