Хоҳам чу сабо гирди сари кӯи ту гаштан,
Хоҳам чу сабо гирди сари кӯи ту гаштан,
Бо бод баромехта, бар бӯи ту гаштан.
Нокомтар аз тири ту дар кеши ту будан,
Ошуфтатар аз зулфи ту бар мӯи ту гаштан.
Бар хоки дарат хаставу муҳтоҷ нишастан,
Бечораву дарвешу дуогӯи ту гаштан.
Эй шоҳ, гадоёна дуо гӯямат аз дур,
Чун нест маро заҳра дар урдуи ту гаштан.
Чун шона сар андар сари савдои ту кардам,
Бошад, ки тавон хам ба хами мӯи ту гаштан.
Бифирист насибе ба гадоёни худ, эй дӯст,
Ҳозир натавонем чу дар тӯи ту гаштан.
Дил металабад дар раҳи ишқи ту чу Носир,
Озод шудан аз худу ҳиндуи ту гаштан.