Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Саргаштаам зи бахти нигунсори хештан,

Саргаштаам зи бахти нигунсори хештан, Тардоманам зи чашми гуҳарбори хештан. Дурри хушоб дида ба доман хамекашад, Саррофи ишқ бар сари бозори хештан. Эй ҷон, маро ту бори гаронӣ, карона гир, Бар маркаби заиф манеҳ бори хештан. Воиз, нигар, ба аҳли яқин мекунад хилоф, Бечора гарм гашта ба гуфтори хештан. Қозӣ чӣ гуна ҳила кунад дарди ишқро? Ӯро бас аст заҳмати дастори хештан. Ёре ба бод дораму чун бод меравам Ҳайрону хаста дар талаби ёри хештан. Монанди ҳоҷиби ту табибе надидаам, Доим нишаста бар сари бемори хештан. Риндони ишқро, ки ба зиндони меҳнатанд, Бӯе расон зи турраи таррори хештан. Носир муҳаққар аст, наярзад ба зарби ту, Андеша кун зи ханҷари хунхори хештан.