Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ман на он риндам, ки биншинам ба ҷойи хештан,

Ман на он риндам, ки биншинам ба ҷойи хештан, То набинам дар канори худ сазои хештан. Удро таслим бояд буд, агар сӯз асту соз, Ошиқонро дарди худ бошад давои хештан. Ман нахоҳам гашт равшан з-оташи ишқаш чу шамъ, То сари худро набинам зери пойи хештан. Рехтӣ хуни ману додим ғамҳо дар иваз, Дер шуд, то мехӯрам аз хунбаҳои хештан, Гуфтамаш: Умри ту бодо! Гуфт: Ман умри туам, То ба кай, эй муддаӣ, гӯйӣ дуои хештан? Ман барои хидмати ӯям, барои худ наям, Роҳи ӯро кай тавон рафтан барои хештан? Ёди Носир пеши ӯ кардам, аз ин дар хашм рафт. Гуфт: Ман то кай кашам нанги гадои хештан?