Чанд чун ғунча ба бӯе зи ту дил хуш кардан,
Чанд чун ғунча ба бӯе зи ту дил хуш кардан,
Ҳамчун гул чеҳра ба хуноба мунаққаш кардан?
То кай, эй рӯи ту маҷмӯаи алтофи Илоҳ,
Ҳоли моро чу сари зулф мушавваш кардан?
Дасти ман ҳайф, ки гардад ба миёни ту камар,
Нарасад даст камарро ба ту даркаш кардан.
Ман ба рӯйи ту шудам чун сари зулфат, дарёб,
Ки сабурӣ натавон бар сари оташ кардан.
Шишаи май натавон бе маи гулгун дидан,
Дида равшан натавон бе бути маҳваш кардан.
Ҷиҳати беҷиҳаташ шаш ҷиҳати кавну макон,
Якҷиҳат шав, натавон қиблаи худ шаш кардан.
Носир андар ҳаваси ишқи камонабрӯе,
Гашт қурбону наёрист ба таркаш кардан.