Дар ҷигар сӯзи ту дорам, дам намеёрам задан,
Дар ҷигар сӯзи ту дорам, дам намеёрам задан,
Оҳ, оҳе бар сари он ҳам намеёрам задан.
Ҳамдами ман оҳи сард аст аз ғами ишқат, вале
Нола аз дарди ту бо ҳамдам намеёрам задан.
Ҳар шаб аз шамъи ҷамолат то абад парвонавор
Дам ба дам сӯзам, валекин дам намеёрам задан.
Хоб, метарсам, ки гардад дар миёни мо ҳиҷоб,
Аз хаёлат дидаро бар ҳам намеёрам задан.
Гул зи шодӣ ханда зад дар боғу ман аз сӯзи дил
Ҳамчу булбул як нафас бе ғам намеёрам задан.
Маҳраме, ку, то зи дарди дил бигӯям порае?
К-ин нафас дар пеши номаҳрам намеёрам задан.
Бо вуҷудат сарвро дар дил намеёрам нишонд,
Бе рухат бо гул дами хуррам намеёрам задан.
Қиссаи дарди дили Носир бигуфтам бо табиб,
Гуфт: Дам з-ин беш аз марҳам намеёрам задан.