Гар марди роҳи ишқӣ, лофи вуҷуд кам зан,
Гар марди роҳи ишқӣ, лофи вуҷуд кам зан,
Бе ҷону дил сафар кун, бе пову сар қадам зан.
Саргашта чанд гардӣ дар водии таҳайюр,
Бо қиблаӣ муҷовир, ҳон, такя бар ҳарам зан.
Гар мулки ишқ хоҳӣ, то гардадат мусаллам,
Рав кӯси «Рабби ҳаб лӣ» дар олами адам зан.
Аз партави ҷамолаш худро чу уд сӯзон
В–он гаҳ чу соф гаштӣ, рав, сикка бар дирам зан.
Гар нарди дарди ӯро хоҳӣ, ки пок бозӣ,
Дар дови бениёзӣ ҳар ду ҷаҳон ба ҳам зан.
Хокистарӣ, агар ту, дар хоки тира монӣ,
Хоҳӣ ки шуъла гардӣ, бар осмон алам зан.
То кай ҳаменависӣ асрори ишқ, Носир?
Сӯзе зи оташи дил дар коғазу қалам зан.