Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Бигир мулки хароби дилу иморат кун,

Бигир мулки хароби дилу иморат кун, Ба тахти ноз нишин, бар бутон аморат кун. Чӣ ҳоҷат аст, ки ханҷар ба хунам олоӣ, Ба нӯки ғамзаи хунрези худ ишорат кун. Туро ба мулки дил, эй турки маст, раҳме нест, Ба захми теғ гирифтӣ, бисӯзу ғорат кун. Агар ба хоки шаҳидони ишқ баргузарӣ, Маро ки куштаи ишқи туам, зиёрат кун. Ба нақди ҳусн дили бедилон ба даст овар, Кунун, ки ёфтаӣ мояе, тиҷорат кун. Маро зи гармии дил ҷон расидааст ба лаб, Ба ғамза неш зану дафъи ин ҳарорат кун. Агар суҷуд ба пеши бутон ҳавас дорӣ, Нахуст, Носир, аз ибриқи май таҳорат кун.