Соқӣ, майи боқӣ деҳ, ақл аз сари мо кам кун,
Соқӣ, майи боқӣ деҳ, ақл аз сари мо кам кун,
Сармояи шодиро қути дили пурғам кун.
Аз чеҳра шабистонро бутхонаи Чин гардон
В-аз бода суроҳиро сарчашмаи Замзам кун.
Гарди дари майхона дар чашми мамолик зан,
Хоки раҳи хамморон дар дидаи олам кун.
Султони вуҷудамро аз май хати адле каш,
Лашкаргаҳи ҷонамро бар ишқ мусаллам кун.
Хуршеди ҷамолатро дар ҷоми лаболаб бин,
Як ҷилваи нуронӣ дар моҳи муҳаррам кун.
Аз роҳи карам рӯзе дар кӯйи гадоёнат
Моро ба қабули худ бинвозу мукаррам кун.
Эй мутриби рӯҳонӣ в-эй ояти раҳмонӣ,
Ин ҷуръа паёпай хӯр в-ин бода дамодам кун.
Дар гӯши ту мегӯяд зулфи ту, ки Носирро,
Ошуфтаву саргардон, шӯридаву дарҳам кун.