Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Вафо намекунад он ёри меҳрубон бо ман,

Вафо намекунад он ёри меҳрубон бо ман, Ҷафо ҳамекунад он шӯхи дилситон бо ман. Маро чу умр азиз асту ногузир, вале Вафо намекунад он умр як замон бо ман. Ман аз мувофиқати ёр барнахоҳам гашт, Агар шаванд мухолиф ҳама ҷаҳон бо ман. Маро ба духтари раз оштӣ деҳ, эй соқӣ, Аз он чӣ ғам, ки баҷанганд зоҳидон бо ман! Зи меҳр бар ҳама олам чу моҳ метобӣ, Чаро ба зарқу фиребӣ чу осмон бо ман? Шудам низор чу маҳ дар муҳоқу нест аҷаб, Ки офтоб кунад ҳеҷ иқтарон бо ман. Агар чу гард равад дар рикоби ӯ Носир, Гумон мабар, ки бувад гард ҳамъинон бо ман.