Ҷуз даҳонаш нест дар ҳар ду ҷаҳон мақсуди ман,
Ҷуз даҳонаш нест дар ҳар ду ҷаҳон мақсуди ман,
Кай ба коми ман шавад мақсуди номавҷуди ман?
Чун шудӣ доманкашон, боре заминаш гаштаме,
То ба доман пок кардӣ рӯйи гардолуди ман.
Ҳам ба навъе шод гаштӣ, гар нафарсудӣ зи ғам,
Ин дили пурдарди бесомони ғамфарсуди ман.
Дар адам осуда будам в-ин замон аз буди хеш
Ранҷ дорам, кошкӣ, ҳаргиз набудӣ буди ман.
Дар сари савдои зулфаш умрҳо кардам зиён,
Гар надомат мехӯрам акнун, надорад суди ман.
Чанд хоҳӣ сӯхтан дар оташи ҳаҷрам чу уд?
Оқибат рӯзе бигирад доманатро дуди ман.
Гуфт: Носир, ҷон бидеҳ, бӯсе ситон, хуш давлатест,
Гар ба ҷоне мебарояд аз лабаш мақсуди ман.