Аз ишқ ҳамчу оташаму нола дуди ман,
Аз ишқ ҳамчу оташаму нола дуди ман,
Бошад, к-аз ин миёна бисӯзад ҳасуди ман.
Душман куҷост, қуввати бозуи ман кирост?
Касро намонда тоқати имсоку ҷуди ман.
Дӣ кардаам зи дидани ту саҷдаҳои шукр,
Донӣ ту худ, ки саҳв набошад суҷуди ман.
Зоҳид, зиёни ман зи туву суди ман зи туст,
Бошад, ки не зиёни ту монад, на суди ман.
То шоҳидам зи рух накушояд ниқоби зулф,
Равшан ба сад чароғ нагардад шуҳуди ман.
Гар ақл аз он миён набарад роҳ дар адам,
Маълум кай шавад ба хаёле вуҷуди ман?
Обе фишон бар оташи Носир зи баҳри лутф,
То оламе сиёҳ нагардад зи дуди ман.