Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ҳар саҳаргаҳ дар ҳавои моҳи меҳрафрӯзи ман

Ҳар саҳаргаҳ дар ҳавои моҳи меҳрафрӯзи ман Зуҳра дар чарх оварад нолидани дилсӯзи ман. Осмон дар дасти ман чун ҳалқаи хотам шавад, Гар биёбад даст бар вай толеи пирӯзи ман. Ҷайб то доман чу субҳ аз меҳр хоҳам чок зад, То ба кай шоми фироқаш тира дорад рӯзи ман? Боғи айши ман зи оҳи сард бебаргунавост, Аз куҷо боди хазон бархост дар наврӯзи ман? Бахти бадфарҷом ангушти надомат мегазад, З-он ки дар гӯшаш наёмад панди некомӯзи ман. Ошиқи дармондаро дармон чӣ созӣ, эй табиб? Чун бадар дармон менасозад ҷони дардомӯзи ман. Дар ғами дилбар чу Носир нола аз ҷон баркашад, Дидаи анҷум бидӯзад новаки дилсӯзи ман.