Зи зулфат дам задам, дуде баромад аз даҳони ман,
Зи зулфат дам задам, дуде баромад аз даҳони ман,
Лабатро ёд кардам, сӯхт аз оташ забони ман.
Лабат ҷон асту ҷони ман расида аз ғамат бар лаб,
Биё, лаб бар лабам неҳ, то шавад пайванди ҷони ман.
Задӣ пайкони ғамза бар дилам, аз пушт берун шуд,
Давое нест, берун рафт тире аз камони ман.
Ҷудоӣ дар миён афтоду ман ин дӯсттар дорам,
Ки аз ту теғи заҳролуд бошад бар миёни ман.
Агар дар обу хоки ман накиштӣ тухми савдоят,
Чаро дарди ту мерӯяд зи мағзу устухони ман?
Бутамро дӯш мегуфтам: Ниҳам бар остонат сар,
Бигуфто: Ор медорад аз ин сар остони ман.
Бигуфтам: Табъи нозукро зи Носир ёд деҳ рӯзе,
Бигуфто: Ҷойи ҳар хоре набошад гулситони ман.