Гуфтӣ, ки чун боди сабо ҳар дам маё дар кӯйи ман,
Гуфтӣ, ки чун боди сабо ҳар дам маё дар кӯйи ман,
Ногаҳ мабод аз ҳоли ман бӯе барад бадгӯйи ман.
Мӯе шудам дар ишқи ту в-он мӯй бар оташ ниҳам,
Ҳаққо, агар аз ёди ту холӣ шавад як мӯйи ман.
Инсофи мазлумон бидеҳ, худ гӯ, ки ин некӯ бувад,
Ман бӯса бар поят занам, ту по ниҳӣ бар рӯйи ман.
Ҳар дам камонворат кашам сад раҳ ба сӯйи худ, вале
Дардо, ки натвон ёфтан он зӯр дар бозуйи ман.
Гар пеши хоки пойи ту аз нофи оҳу дам занам,
Пеши сагони кӯйи ту зоҳир шавад оҳуйи ман.
Ту ҳамнишини давлатӣ, ман раҳ наёбам сӯйи ту,
Ман дардпарварди ғамам, ту кай шиносӣ хӯйи ман!
Носир агар дар кӯйи ту бар бӯйи васлат ҷон диҳад,
Хоки даратро то абад бӯиву ёбӣ бӯйи ман.