Моро дилест бе ту чу соғар гирифта хун,
Моро дилест бе ту чу соғар гирифта хун,
Чашме чунон, ки шишаи май гашта сарнигун.
Биншастааст нақши ту чун дар хаёли ман,
Аз зулфи ҳамчу ҷиму хами абруи чу нун.
Гар оҳи дил чу тешаи Фарҳод баркашам,
Чун сақфи Бесутун равад аз ҷони ман сукун.
Ҳоли ман аст холи ту, з-он шуд сиёҳ дил,
Ашки ман аст лаъли ту, з-он гашт обгун.
Гар сели чашми ман ба канор афканад гуҳар,
Пурдурри шоҳвор шавад баҳри нилгун.
Носир шаби фироқи ту гумроҳ гашта буд,
Бозаш хаёли рӯйи ту шуд роҳу раҳнамун.