Дар сарам савдои ишқ асту ҷунун
Дар сарам савдои ишқ асту ҷунун
В-аз ҷунуну ишқ гаштам зӯфунун.
Дард ҳамла карду сабр аз мо гурехт,
Ишқ ғолиб гашту ақли мо забун.
Як даҳон дорам ману сад оҳи сард,
Як ҷигар дорам ману сад мавҷи хун.
Деги сина чун ҳамеояд ба ҷӯш,
Оби гарм аз дида меояд бурун.
Сӯзам аз гиря намемирад, чӣ суд,
Об аз беруну оташ аз дарун.
Рӯзу шаб дар дида нақши рӯи туст,
Ашки ман з-он рӯй ояд лолагун.
Саргарон шуд Носир аз савдои ишқ,
З-он бувад дасташ ба зери сар сутун.