Мурғи равонам мепарад, то дар ҳавои кист ин,
Мурғи равонам мепарад, то дар ҳавои кист ин,
Селоби ашкам меравад, то дар вафои кист ин?
Моему шабҳо то саҳар дар зери паҳлу хоки дар,
Хиште, ки дорам зери сар, аз хоки пои кист ин?
Гӯянд агар он рашки маҳ ояд, куҷо созиш ҷо?
Дар чашми исфеду сияҳ, бингар, ки ҷои кист ин?
Дидам лабаш чун лаъли тар, бар вай шикофе чун гуҳар,
З-он ҷо бурун омад шакар, ширинлиқои кист ин?
Як субҳдам з-он хоки кӯ овард боди мушкбӯ,
Шуд чашми ман равшан аз ӯ, то тӯтиёи кист ин?
Носир бар он дар солҳо нолид зору бенаво,
Ҳаргиз нагуфт он подшоҳ ӯро, гадои кист ин?