Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Магзор ошиқонро дар интизор чандин,

Магзор ошиқонро дар интизор чандин, Чун нест эътимоде бар рӯзгор чандин. Рафтию дарди ишқат ошуфта кард моро, Ёрон раво надоранд ошӯби ёр чандин. Дигар чу нест моро дар кӯйи ту қароре, Ту низ дур аз он кӯ моро мадор чандин. Ман дар ғаму ту фориғ биншаста бо рақибон, Ҳайф аст дастаи гул дар дасти хор чандин. Ҳаргиз надидам охир чун ашк дар канорат, Ҳар лаҳза то кай аз мо гирӣ канор чандин? Тарсам, ки хок гардам дар интизори васлат, Ҷоно, агар нишинам бар раҳгузор чандин. Бар домани висолат гардест ҷони Носир, Магзор, то нишинад бар вай ғубор чандин.
Магзор ошиқонро дар интизор чандин, | Шоирон