Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ман ринду майпарастаму фориғ зи куфру дин,

Ман ринду майпарастаму фориғ зи куфру дин, Зоҳид, маро ба чашми ҳақорат дигар мабин! Сӯзест дар дилам, ки агар дам бароварам, Сӯзам нуҳ осмон ба яке оҳи оташин. Дар навбати ту ранҷ ҳамеборад аз фалак, Дар давлати ту дард ҳамерӯяд аз замин. Ҷонӣ, ҷудо зи қолаби ранҷури мо магард, Нурӣ, даруни дидаи гирёни мо нишин. З-ин ғам дар оташам, ки шабу рӯз дар фироқ Бар бод рафт бе рухи ту умри нозанин. Носир ба рӯзи ҳашр чу сар барзанад зи хок, Бошад зи остони туаш гард бар ҷабин.