Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Эй орзуи ҷони ман, эй умри нозанин,

Эй орзуи ҷони ман, эй умри нозанин, Чандин макун, ки нек набошад ҷафову кин. Дар ошиқон ба чашми ҳақорат макун назар, К-ин қавм бо сагони ту бошанд ҳамнишин. Ҳаққо, ки мисли банда наёбӣ ба сад қирон Дар иттиҳод содиқу дар ишқ ростин. Фардо агар ба ноз дароӣ ту дар биҳишт, Ҳурон ниҳанд пеши рухат рӯй бар замин. Ҳайф аст суҳбати ту шабу рӯз бо рақиб, Оре, ба дасти дев на лоиқ бувад нигин. Рӯям бибин, ки ойинаи сурати туам, Гар нақши рӯйи ту набувад, рӯйи ман мабин. Носир, вафо зи ҳеч вуҷуде тамаъ мадор, Кӯтоҳ кун, накӯ суханат ин, сад офарин.
Эй орзуи ҷони ман, эй умри нозанин, | Шоирон