Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Эй балои ошиқон болои сарвосои ту,

Эй балои ошиқон болои сарвосои ту, Кори мо боло гирифта аз қаду болои ту. Ҷон зи дил бурдиву ҷуз чеҳра надорам ваҷҳи зар, Бо вуҷуди муфлисӣ ман чун кунам савдои ту? Хоки поят, кӯрии душман, ба чашмам тӯтиёст, В-ар зи ман бовар надорӣ, бин ба хоки пои ту. Нури чашми ман туӣ, чашмам ба рӯят равшан аст, Ман намехоҳам ба ҷуз дар дидаи худ ҷои ту. Сурати чашмест наргис, лекин ӯро нур нест, В-арна шарме доштӣ, аз наргиси раънои ту. Ҷони ширин менамояд талх дар пеши лабат, Ин таматтуъ дорам аз ширинии лабҳои ту. Дарди ҳиҷронат ба нақд имрӯз Носирро бикушт, Ин замон суде надорад ваъдаи фардои ту.
Эй балои ошиқон болои сарвосои ту, | Шоирон