Бишкуфт гул дар гулситон, он ёри гулрухсор ку?
Бишкуфт гул дар гулситон, он ёри гулрухсор ку?
Бархост сарви бӯстон, он сарви хушрафтор ку?
Ғунча табассум мекунад, он пистаи хандон куҷост?
Савсан забоновар шуд-ст, он зулфи анбарбор ку?
Сунбул ба тоби ҳусн шуд, наргис ба хоби ноз рафт,
Он чашми фаттонро кӣ дид, он турраи таррор ку?
Вақти саҳар бо дӯстон кардам гузар бар бӯстон,
Гул боз шуд дар чашми ман, он рӯи чун гулзор ку?
Дилҳои мастони чаман аз май шукуфа мекунанд,
Соқии маҷлисро бигӯ, дурди хуми хаммор ку?
Боғу баҳору ҷоми май, чангу дафу овози най,
Коми дили ман з–ин ҳама ҳосил нагардад, ёр ку?
Носир чу булбул дар чаман, омад зи мастӣ дар сухан,
Аз ту хамӯшӣ нест хуш, он нағмаи ашъор ку?