Дил гирифт аз масҷидам, хаммор ку?
Дил гирифт аз масҷидам, хаммор ку?
Хирқаро оташ задам, зуннор ку?
Ғайри най, к-ӯ нола аз мо мекунад,
Ҳамдаме дамсозу хушгуфтор ку?
Дар ҷаҳон ҷуз бода, к-ӯ ғамхори мост,
Ёри софихотири ғамхор ку?
Маҳраме, к-аз сӯз бар болини ман
Ҳар шабе чун шамъ гиряд зор, ку?
Аз гулистони вафо бӯйе куҷост?
В-аз диёри мардумӣ дайёр ку?
Дар замона ҳеҷ дил беғам кӣ дид,
Дар ҷаҳон як барги гул бехор ку?
Ҷон диҳад Носир равон дар пойи ӯ
Аз раҳи ёрӣ, валекин ёр ку?