Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Эй ливои меҳтарӣ бар ломакон афрохта,

Эй ливои меҳтарӣ бар ломакон афрохта, Ғулғули «Лавлок» бар ҳафт осмон андохта. Шаҳсавори дин, ки чун зин баст бар пушти Буроқ, Аз замин то авҷи авадно ба якдам тохта. Чун ду чавгон карда маҳро як сари ангушти ту, Бар сари майдони гардун гӯйи давлат бохта. Мурғи ҷон ҳар гаҳ ки бо тавқи вафои ту бувад, Боғи ҷаннатро бувад тавҳид хон чун фохта. Ҳеч кас ғайри Худо қадри ту натвонад шинохт, Чун Худоро беҳтар аз ту ҳеч кас нашнохта. Рӯзи маҳшар чун бисозӣ аз шафоат кори халқ, Хулқи ту ҳаргиз намонад кори мо носохта. Хилвати дил Носир аз фикри ҷаҳон пардохтаст, В-он гаҳ аз ихлос наъте баҳри ту пардохта.