Манам ба дидаи маънӣ ҳама Худо дида,
Манам ба дидаи маънӣ ҳама Худо дида,
Кашида дард, вале оқибат даво дида.
Зи регҳои биёбону баргҳои дарахт
Ҳазор раҳбару раҳбину раҳнамо дида.
Зи пешгоҳи адам то ба остони вуҷуд
Ҳазор гуна зи аллаҳвало бало дида.
Ниҳода гӯш, вале дар фано бақо ҷуста,
Кушода чашм, вале дар хало мало дида.
Зи дасти соқии васлаш ба бомдоди аласт
Даруни соғари «қолу бало» бало дида.
Ҳазорбора бипаймуда сақфи гардунро,
Ҷаҳони олами маънӣ пур аз само дида.
Магӯй, Носир, аз ин моҷаро, ки натвон дид
Шуои шамъи таҷаллӣ ба чашми нодида.