Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Азбаски лабат шароб дода,

Азбаски лабат шароб дода, Чашмат хама дил ба хоб дода. Абрӯт камони гӯшагашта, Зулфи ту каманди тобдода. Бар дил зада чашми ту зи мижгон, Ҳар лаҳза синони обдода. Гирди лаби лаъли хаткашида Шаккар ҳама бо ғуроб дода, Ҷонам зи барои чашми мастат Аз гӯшаи дил кабоб дода. Моро ба висол ваъда карда, Май хӯрда, ба мо сароб дода. Дарде ба ниҳоди мо ниҳода, Ганҷе ба дили хароб дода. Бе рӯи ту, к–ӯ биҳишти ҷон аст, Ҳиҷрони туам азоб дода. Бар дарди сари фироқ чашмам Аз ашки равон гулоб дода. Бифрӯхтаам ҷаҳон ба як ҷав, В–онро, ки ба ҳар рубоб дода. Ҳар гаҳ, ки саволи ишқ кардам, Дарҳол дилам ҷавоб дода.