Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Булбул навое мезанад, соқӣ, биёр он булбула,

Булбул навое мезанад, соқӣ, биёр он булбула, То бишканад номусро ин зоҳиди пурмашғала. Роҳи Ҳиҷозу зоҳидон, мову маю кӯйи муғон, Инак суроҳӣ замзаму базми гадоён қофила. Гар тоқи гардун бишканад в–ар бехи даврон барканад, Бар ман ба як ҷав, з–он ки ман не боғ дорам, не гала. Эй муддаӣ, ман фориғам, рав, ҳар чӣ мехоҳӣ бигӯ, Дар роҳу расми ошиқӣ аз душманон набвад гила. Он соғари шоҳонаро бардору бар дастам бинеҳ, То ин дили девонаро аз май биҷунбад силсила. Чун ваҷд гирад доманам, худро ба бозор афканам, Афтанд тифлон дар паям, олам шавад пурвалвала. Аз бода мили оташин дар дидаи ҳастӣ кашам, Як раҳ барои нестӣ берун равам з–ин марҳала. Эй даф, магар ту ошиқӣ, эй най, магар ту бедилӣ, В-арна чаро бо якдигар зорӣ кунеду ғулғула?! Носир, магӯ ин моҷаро дар пеши риндони гадо, Қути ҳумоён кай равад, гунҷишкро дар ҳавсала.
Булбул навое мезанад, соқӣ, биёр он булбула, | Шоирон