Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Магар боди сабо гӯяд ҳадиси ҷон ба ҷонона,

Магар боди сабо гӯяд ҳадиси ҷон ба ҷонона, Ки набвад шамъи тобонро хабар аз сӯзи парвона. Маро бар хотири равшан чу оина-ст зангоре, Ки дандони тамаъ дорад ба чини зулфи ӯ шона. Насим аз ҳалқаи зулфаш чу занҷире биҷунбонад, Дили ошуфта аз ғайрат шавад дарҳол девона. Чу даври умри мо бар бод хоҳад рафт, он беҳтар, Ки соқӣ даври умри мо бипаймояд ба паймона. На он риндам, ки чун зоҳид ба масҷид сар фуруд орам, Ки май ганҷ аст асту меёбам манаш дар кунҷи вайрона. Маро худ хӯи ширин аст, аз ин хӯ бар намегардам, Агар хонанд афсуну агар гӯянд афсона. Ба бӯи ошноӣ рафт дар баҳри талаб Носир, Чу бо ишқ ошноӣ кард, гашт аз ақл бегона.