Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ринде набувад чун ман дурдикашу девона,

Ринде набувад чун ман дурдикашу девона, Гаҳ марди муноҷотам, гаҳ сокини майхона. Бо ҳар кӣ бипайвастам, гар маст бувад, мастам, В-ар зулф бувад, зулфам в-ар шона бувад, шона. Не лоиқи имонам, не куфр, ҳамедонам, Саргаштаву ҳайронам, шӯридаву девона. Ақл аст хароби ман, нақл аст хиҷоби ман. Зуҳд аст ниқоби ман, ку соғари шоҳона? То ҷоми тараб нӯшем, чун аз фараҳ дар ҷӯшем, Асрор чӣ мепӯшем аз ошиқи фарзона? Ман нури Худо дорам, ман доми бало дорам, Ман ҷоми лиқо дорам дар кӯзаву паймона. Носир чу фурӯ монад, ӯ силсила ҷунбонад, Тақлид намедонад соҳибдили мардона.
Ринде набувад чун ман дурдикашу девона, | Шоирон