Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ман киям, саргаштае, бечорае,

Ман киям, саргаштае, бечорае, Дардманде, хастае, оворае. Дил зи ман бирбуду пинҳон кард рӯ Шӯхчашме, фитнае, айёрае. Ҳамчу гул биншаста бар хори ҷафо, Чун гуҳар дармонда андар чорае. Аз заифӣ чун саҳо гаштам, валек Дар сафар афтода чун сайёрае. Толеъе дорам, ки ҳаргиз нангарист Аз саодат сӯи ман исторае. Ҳаст Носирро ғами дил сад ҳазор, Ҳеч кас ӯро нашуд ғамхорае.
Ман киям, саргаштае, бечорае, | Шоирон