Олам чу сароб аст, талаб кун ту саробе,
Олам чу сароб аст, талаб кун ту саробе,
Май нӯш, ки хуштар зи сароб аст шаробе.
Ҳаст аз қалами сунъи Худо баҳри тааммул
Хат бар хади соқӣ, ба суйи банда китобе.
Аз чанг мадеҳ ҳашт биҳиште, ки нуҳуфта,
Дар пардаи «Ушшоқ» ҳамегуфт рубобе.
Нардею китобею ҳарифею мақоме,
Рӯдею сурудею шаробею кабобе.
Обе шудам аз хушкии зоҳид, ки хуш омад
Чун мардуми чашмам ба назар гӯшаи обе.
Моро ки биронданд чу гард аз дари саҷда,
Хоки дари майхона биҳишт аз ҳама бобе.
Гуфтанд ба абрӯву шуниданд ба дида,
Пайваста чунин рафт саволею ҷавобе.
Мегуфт, ки хоки дари мо гард чу Носир,
Олитар аз ин кас нашунидаст хитобе.