Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ҳаст аз зулфи кажат дар дили ман қуллобе,

Ҳаст аз зулфи кажат дар дили ман қуллобе, Ки дилам аз кашиши зулфи ту дорад тобе. Дил ки дар абруи тоқи ту чу қандил овехт, Ҳамчу шамъест барафрӯхта дар меҳробе. Аз хаёли шаби васли ту, ки хобат хуш бод, Беш дар дидаи ман роҳ наёбад хобе. Ба ҷуз аз ашки чу борон, ки мободо бе об, Бар сари оташи мо кас нафишонад обе. Оламе тира шуд аз зулфи ту, бикшой ниқоб, То ба шаб роҳ барам сӯйи ту дар маҳтобе. Зоҳиран ашки ман имрӯз чу бигзашт зи дӯш, Обам аз сар гузарад, чун нашавад поёбе. Носиро, аз даҳанаш гир тариқи эҷоз, То чу зулфаш набувад дар суханат итнобе.
Ҳаст аз зулфи кажат дар дили ман қуллобе, | Шоирон