Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Ба дастон гар зи дасти мо биҷастӣ,

Ба дастон гар зи дасти мо биҷастӣ, Ба даст орам дигар борат ба чустӣ. Напурсидӣ зи ҳоли дардмандон, Дили гумкардаи моро бихастӣ. Фишондӣ зулфи мушкину чу зулфат Басе дилҳои мискинро шикастӣ. Камар бар мӯй бастӣ, к-ин миён аст, Дурӯғе з-ин миён бар хеш бастӣ. Чу хоки раҳ шудам дар пойи ту паст, Масал нашнидаӣ: мастию пастӣ?! Сабо, аз заъф дар кори рисолат Кисолат менамояд, сахт сустӣ. Лаби ӯ ханда зад бар ҳоли Носир, Намуд аз нестӣ як зарра ҳастӣ.