Ба гӯши ёр пайғоме расондан аз сари ёрӣ
Ба гӯши ёр пайғоме расондан аз сари ёрӣ
Намеёранд ёронам, сабо, бархез, агар ёрӣ.
Мисоли уд дар чангаш зи бори ишқ нолидам,
Фироқи ӯ дигарбора музоаф шуд ба сарборӣ.
Ба гӯши гул расон аз ман, ки ман чун ғунча дур аз ту
Ба сад пора диле дорам, надонам, то чӣ дилдорӣ?
Ба хуни мардуми чашмам хаёлат остин барзад,
Мабодо доманат гирад ғубори мардумозорӣ.
Маро дар боргоҳи васли ту боре бувад боре,
Агар ёрӣ кунад ҳиммат в-агар ёре диҳад ёрӣ.
Ту айни чашмаи Хизрӣ, чӣ нуқсон бошад, ар як дам
Зи чоҳи лутфи ту обе ба сӯйи мо шавад ҷорӣ?
Зи хорӣ бар дарат Носир ба хоки раҳ баробар шуд,
Бухориро, азизи ман, чаро дорӣ бад–ин хорӣ?