Сахт сустӣ ту дар вафодорӣ,
Сахт сустӣ ту дар вафодорӣ,
Нек бад мекунӣ ҷафокорӣ.
Ман ғаматро нигоҳ медорам,
Ту диламро нигаҳ намедорӣ.
Зери пои ту ман чу гард шавам,
Ту ба чашмам аз он намедорӣ.
Хоки хорӣ марез бар сари ман,
Ки зи ман хокро бувад хорӣ.
Зулфат аз ман шикастагӣ омӯхт,
Лабат аз вай гирифт хунхорӣ.
Кай шиносӣ дарозии шаби ҳаҷр,
Ту ба хобию мо ба бедорӣ.
Ман шавам аз Худои худ безор,
Ки маро бошад аз ту безорӣ.
Баски чашми ту хуни мардум рехт,
Барнахезад дигар зи беморӣ.
Носиро, гар сари ту бардоранд,
Сар аз он остон набардорӣ!