Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Н
Носири Бухороӣ

Хуни дил ҳаст, агар азми шаробе дорӣ,

Хуни дил ҳаст, агар азми шаробе дорӣ, Ҷигаре дорам агар майли кабобе дорӣ. Хонаи дидаи ғамдида тамошогоҳест, Ҳеч дар сар ҳаваси гӯшаи обе дорӣ? Дӯш дар кӯйи ту рафтам, саги кӯят гуфто: Бинеҳ, инак сару хишт, ар сари хобе дорӣ. Маҳи нав, беш ту бо ҳоҷиби ӯ лоф мазан, Чу ғуломон, магар, ӯро ту рикобе дорӣ? Лаби лаълат зи қадаҳ хуни ҷигар менӯшад, То нагӯйӣ, ки дар он ҷо майи нобе дорӣ. Эй май, аз акси рухи ёр гирифтӣ ранге, Ки чу гул хуррамию бӯйи гулобе дорӣ?! Тоати хом макун, то ба сари хум наниҳам Он чи, эй гӯшанишин, рахти савобе дорӣ. Кори Носир ба адам мекашад имрӯз, табиб, Чорае ҳаст, бигӯ, ҳеч ҷавобе дорӣ?