Эй бар рухи чун рӯзат шоми хати зангорӣ,
Эй бар рухи чун рӯзат шоми хати зангорӣ,
Бе зулфу рухат дорам рӯзе чу шаби торӣ.
Дар боргаҳи васлат борам надиҳӣ боре,
Гар кор кунад ҳиммат в-ар ёр диҳад ёрӣ.
Ёрон ҳама гар ёрӣ бо ёр намеёранд,
Эй ёр, ту ёрӣ кун бо ёр, агар ёрӣ.
Аз ҳиммати ман дорад қадди ту сарфарозӣ,
Аз бахти ман омӯзад зулфи ту нигунсорӣ.
Чашмам зи руху зулфат чашмаст, аҷаб набвад,
Дар пойи гулу савсан гар об шавад ҷорӣ.
Аз чашми чу Уммонам абри мижа бархезад,
В-аз Ҳинд кунад ҳар дам дар Рум гуҳарборӣ.
Пеши ту камон аз зӯр, зеҳ бар ду камар аз зар,
Чун зӯру зарам набвад, чора чӣ бувад? Зорӣ.
Эй ёри азиз, аз ту иззат талабад Носир,
Бечора Бухориро то чанд бувад хорӣ?!