Дӯшина мегуфт нолон асире,
Дӯшина мегуфт нолон асире,
Касро наёяд раҳм аз фақире.
Ҳар кас ба ёре дар ҳар диёре,
Моем танҳо, оҳу нафире.
Ман сайди турке гаштам, ки дорад
З–абрӯ камоне в–аз ғамза тире.
Ҷонро ба бӯсе додам, ки ҳаст ӯ
Бисёрбахше, андакпазире.
Носир на он аст, к–аз ту гурезад,
Танро набошад аз ҷон гузире.